Як зумра аз шахсиятҳои шинохтаву маъруфи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба унвони фахрии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» шарафёб гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба истиқболи 20 солагии қабули Сарқонуни ҶТтибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба доктори илмҳои таърих, профессор, Директори Маркази тадқиқоти таълимоти Абӯҳанифа ва шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф, дараҷаи II Назирҷон Турсунов ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдушукур Назаров унвони фахрии «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дода шуд.  

Гуфта мешавад ҳамчунин дӯстдори фарҳангу адабиёти миллии тоҷикон дар кишвари Олмон, таблиғгари дастовардҳои фарҳангии кишвари Тоҷикистон, донишманди маъруф, ховаршинос ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Аврупо Александр Ҳайзер ва собиқ раиси комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, бинокори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақахӯри аҳмияти ҷумҳуриявӣ дошта Юсуф Қурбонов низ ба ин унвони фахрӣ сазовор дониста шуданд.