Рӯзи ҷумъа ба раҳбари бунгоҳи хабарии ТАСС (қаблан – ИТАР-ТАСС) дар Тоҷикистон Галина Гриднева табрикоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати 110-солаги таъсиси Агентии итттилоотии телеграфии Русия супурда шуд.
Дар табрикоти вазир дар бораи фаъолияти чандинсолаи созандаву пурсамари ин агентии собиқ шӯравӣ ва феълан русиягӣ дар Тоҷикистон сухан меравад.
Қобили зикр аст, ки 110-солагии агентии иттилооти кӯҳанбунёди Русия соли равон натанҳо як рӯзи тақвимӣ, балки бо як силсила чорабиниҳои идона ва маърифатӣ дар саросари Русия ва кишварҳои хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.
Намояндагони Вазорати фарҳанг, Росархив, Россотрудничество, дигар вазорату идораҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва ВАО-и Русия пешниҳоди ташкили як силсила чорабиниҳои бузургмиқёси ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихиву маърифатӣ дар Русия ва хориҷи кишвар ба ифтихори ин ҷашнро дастгирӣ намуданд.
Айни замон дар ИТАР-ТАСС беш аз якуним ҳазор кормандон фаъолият дошта, намояндагиҳои ин хабаргузорӣ дар 70 кишвари хориҷӣ ва қариб дар ҳар кадоме аз минтақаҳои Русия амал мекунанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста