Баъд аз анҷоми омӯзишҳо дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мегардад, аз 27-ум то 30 - уми октябр дар шаҳри Душанбе сессия дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорон баргузор мегардад.
Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби PromoFirenze, Палатаи савдо ва саноати Флоренсия (Итолиё) ташкил шуда, понздаҳ намояндагони Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ба омӯзиш ҷалб карда шудаанд. PromoFirenze ба соҳибкорони хурду миёна, ки бо содирот вобаста ҳастанд, кӯмаки худро мерасонад. Барномаи омӯзиш дарсҳои назариявиро оид ба тартиб додани нақшаи солона барои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав, муносибатҳои соҳибкории хурду миёна ва бозоршиносиро дар бар мегирад. Дар анҷоми омӯзиш аз ҷониби иштирокчиён дар таҳти назорати мутахассиси PromoFirenze дар манзили ҳунармандӣ тадқиқоту назарияҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ҳамкорӣ бо PromoFirenze - яке аз иҷрокунандагони лоиҳаи дар боло зикр шуда, баъди тамомшавии омӯзиш низ ба итмом намерасад. Палатаи савдо ва саноати Флоренсия дар давоми лоиҳа ба Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав барои ташкил намудани хизматрасониҳои нав ба аъзоёнашон мусоидат менамояд. Соли 2015 PromoFirenze ба Осиёи Миёна баргашта, ташкили маводҳои машваратиро, ки ба хизматрасонии хурду миёна равона шудаанд, анҷом медиҳад.
Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии идоракунӣ, мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд.
«Вазифаи асосии лоиҳа ба пешравӣ ва устуворнокии Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар кору фаъолияташон расидан мебошад – Марко Алфиери, Роҳбари барномаи Cesvi фикри худро баён менамояд, – вазифаи асосии мо фароҳам овардани дониш ва баланд бардоштани малакаҳои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав мебошад, ки баъди иҷрои амал таҳкурсии мақсади асосии мо мустаҳкам хоҳад шуд.
Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол татбиқ гардида, он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста