Кинотеатри «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгинои шаҳри Маскав то ахири соли ҷорӣ кӯчонида шуда, дар ҷойи он маркази нави фарҳангу фароғатӣ қомат меафрозад.
Бино ба маълумоти торнамои расмии Думаи шаҳри Маскав, санаи 27-уми октябр дар ҷаласаи муштараки комиссия оид ба фарҳанг ва коммуникатсияҳои оммавӣ ва оид ба умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вакилон вазъ атрофи кӯчонида шудани кинотеатри «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгиноро баррасӣ намудаанд.
Дар ҷойи кинотеатр сохтмони маркази муосири фарҳангу фароғатӣ дар назар аст. Вакилон маълумот дар бораи ҳаҷм ва марҳилаҳои маблағгузорӣ ба ин сохтмонро шунидаанд. Кӯчонидани кинотеатр то ахири сол ва муҳлати сохтмони маркази нав дар ҷойи он давоми солҳои 2016-2017 пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар департаменти сохтмони шаҳри Маскав дар робита ба ин масъала изҳор намудаанд, ки ҳам дар вақти кӯчонидани кинотеатр ва ҳам дар ҷараёни сохтмони маркази нав низ метавонад мушкилот рӯйи кор ояд. Онҳо бар ин назаранд, ки воситаҳои ҷудошуда шояд кофӣ набошад ва аз ин рӯ, барои ба муҳлати дароз идома наёфтани сохтмони он, пешниҳод кардаанд, ки бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони префектураи ҳавза машварати муштарак гузаронида шавад.
Раиси комиссия оид ба фарҳанг ва коммуникатсияҳои оммавӣ Евгенйи Герасимов (фраксияи «Русия воҳид» (Единая Россия) ин ташаббусро дастгирӣ намуда, зикр кардааст, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи оянда дар Думаи давлатии шаҳр баррасӣ мешавад. Ӯ таъкид доштааст, ки сокинони ноҳияи Строгино дарвоқеъ ҳам ба фаъолияти маркази муосири фарҳангу фароғат бо чунин миқёс дар қаламрави ноҳияашон ниёз доранд.
Қобили зикр аст, ки кинотеатри «Тоҷикистон» дар шаҳри Маскав соли 1982 мавриди истифода қарор гирифта, охири солҳои 1990-ум майдонҳои он барои мағозаву қаҳвахонаҳо ба иҷора дода мешуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста