Анонс

- Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе соати 13-00 маросими имзои созишномаи 5-сола ба маблағи 12 млн. доллари ИМА миёни USAID ва Бунёди Оғо Хон доир мегардад;

- Дар доираи сафари ҳайати тоҷирони кишвари Олтойи Русия ба Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вохӯрии доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Олтой баргузор мешавад;

- Рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Душанбе ҷаласаи сеюми Маҳфили сиёсатшиносони ҷавони авруосиёӣ барпо мешавад. Маросими ифтитоҳи расмии кори маҳфил соати 10-00 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе (кӯч. Бохтар, 35/1) барпо мешавад;

- Рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Душанбе таҳти унвони «Мактбаҳои ниёзманд дар шароити муосири таълимот: мушкилот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад;

- Дар Душанбе дар мавзӯи «АНМО (ВИЧ)-ангезанда ва ВАО: инъикоси дурусти масъала» мизи гирд доир мегардад. Оғоз соати 09-30 дар меҳмонхонаи «Серена».

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0014 сомонӣ;

1 евро - 6.3445 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.11 68 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2000 – Дар Тоҷикистон асъори нави миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

2013 — Дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16 октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ, муҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то се сол дароз карда шуд.

2013 — Тоҷикистону Афғонистон ва Русия Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни хадамоти марзбонии кишварҳоро ба имзо расониданд

1926 – Зодрӯзи олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.

1946 – Мавлуди муовини раиси Иттифоқи байнулмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳуқуқшиносони «Иттифоқи байнулмилалии ҳуқуқшиносон» Файзулло Абдуллоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -9-14, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.