Қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ васеъ карда шуда, ҳукуматдорон ният доранд, ки як мавзеъ бо номи «Хоруги нав» бунёд кунанд.
Тавре «Россия для всех» бо истинод ба Шодихон Ҷамшедов, раиси ВМКБ хабар медиҳад, барои сохтмони мавзеи «Хоруғи нав» 200 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.
«Хоруғ аз аввал бидуни нақшаи генералӣ сохта шуда, танҳои солҳои ахир ба таҳияи он пардохтанд ва акнун тибқи он, васеъ кардани қаламрави шаҳр ва ободонии он тарҳрезӣ шудааст. Мо 200 гектар қитъаи замини ба шаҳр ҳамроҳшударо ҷудо намудем, ки дар ин мавзеъ мавзеи нав – «Хоруғи нав»-ро сохтанием. Дар ин ҷо ҳама зербинои шаҳри муосир низ бунёд мегардад», - мегӯяд раиси вилоят.
Ба гуфтаи ӯ, барои таҳияи нақшаи генералӣ раҳбарияти ҷумҳурӣ маблағи муайянеро ҷудо кардааст ва аллакай аз соли 2015 барои бунёди мавзеи нави шаҳр ҳудуди 20 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) ихтисос дода мешавад, ки ба таъмини сокинон бо манзили зист ва ба қадре ҳал кардани масъалаи шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
«Шаҳри Хоруғ барои зисту кори 15 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, имрӯз дар ин шаҳр ҳудуди 35 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Агар саривақт тадбире дар ин самт андешида нашавад, рӯйи кор омадани мушкилоти иҷтимоиву демографӣ аз эҳтимол дур нест. Хушбахтона, имрӯз ҳам аз буҷети кишвар ва ҳам аз ҷониби ташкилотҳо ҷиҳати рушди вилоят воситаҳои зиёд маблағгузорӣ мешаванд», - қайд кардааст Ш.Ҷамшедов.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста