Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзхои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд.
Котиби матбуотии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳо бахшида ба ин рӯзҳо раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко иштирок хоҳад кард.
«Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои кориву тиҷоратӣ доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва ғайра баррасӣ мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки Санкт-Петербург яке аз шаҳрҳои аввалинест, ки пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ санаи 6-уми октябри соли 1991 дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург шартнома ба имзо расонида буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста