Рӯзи 31 октябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ занони соҳибкор, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии вилояти Хатлонро бо роҳбарии Дилбар Халилова, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар асосои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи Рушд тавассути ҳамкории минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Дар доираи ин Барнома таҷрибаомӯзии минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкории иҷтимоии занон ҳамчун омили таъминсозии устувории молиявӣ барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон» роҳандозӣ гардидааст ва таҷрибаомӯзӣ дар вилояти Суғд низ сурат мегирад. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии минтақавӣ бо мақсади шинос намудани намояндагони созмонҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон бо таҷриба ва дастовардҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорзанони вилояти Суғд гузаронида шуда, дар барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ миёни онҳо мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот ҳамкории минтақавии байни вилоятҳои ҷумҳуририро муҳим арзёбӣ намуда, ба меҳмонон оид ба дастгирии занони соҳибкор ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва шуғлҳои хонагӣ ба монади қолинбофӣ ва адрасбофӣ дар вилояти Суғд маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар вилоят алҳол 40 марказҳои омӯзиши қолинбофӣ ва ҳунарҳои дастӣ амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 1000 нафар то имруз соҳибҳунар шудаанд. Дар маркази адрасбофии «ВетТоҷ» бошад давоми ду моҳ беш аз 500 нафар таълим гирифтаанд, ки ин иқдом яке аз роҳҳои асосии кам кардани муҳоҷират ва коҳиш додани хушунат нисбати занон мебошад.

Ҳамчунин Раиси вилоят дар оянда низ ташкил намудани сафарҳои гурӯҳҳои соҳибкорон, собиқадорони меҳнат, илму фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷомеаро ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавсия дод. Дар ин самт зикр ёфт, ки яке аз чунин сафарҳои фарҳангиро гуруҳи рақсии «Зебо» дар моҳҳои наздик ба вилояти Хатлон анҷом медиҳад, ки ин низ ба дустиву ҳамкории вилоятҳои Тоҷикистон заминаи боэътимод мегузорад.

Ба меҳмонон гарнтҳои таъсисёфтаи Раиси вилоят барои дастгирии ҳунармандон, тақдими дастгоҳҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ ба занон, сӯзанидӯзии тарзи бухороӣ, тоблуфаршҳои эронӣ ва адрасбофии дастӣ хеле писанд омад. Онҳо ҳамчунин аз дастгирӣ ва пазироии гарму самимии мардуи вилояти Суғд изҳори сипос намуданд.