Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Созмони Милали муттаҳид бори нахуст Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо нисбати журналистон ҷашн гирифта шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба ҳимояти журналистон, аз соли 2004 то соли 2013 ҳадди ақал 370 журналистон кушта шуда, марги онҳо ба ин ё он гунае ба фаъолияти касбии онҳо марбут буд. То ҳол омилҳои марги 333 нафар рӯзноманигорон комилан ошкор нагардидааст.
Танҳо соли 2012 директори генералии ЮНЕСКО куштори 123 журналистро маҳкум намуда, соли 2013 ин нишондиҳанда то 92 шумор кам шуд, вале ба ҳар ҳол, соли гузашта низ яке аз солҳои дуюми бештар марговар барои журналистон маҳсуб меёбад.
Ба гуфтаи корманди Кумита Музаффар Сулаймонов, аз оғози сол дар Украина 7 журналист ва намояндагони ВАО кушта шудаанд. «Аксари онҳо аз зӯроварии ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, аз 5 то 7 журналистон то ҳол дар шарқи кишвар – вилоятҳои Луганску Донетск дар асорат қарор доранд», - гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба радиои СММ.
Ёдрас мекунем, ки Маҷмаъи умумии СММ соли гузашта дар бораи тасдиқи Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо нисбати журналистон қатънома қабул кард. Ин сана ба хотири ёдбуди ду журналисти фаронсавӣ, ки 2-юми ноябри соли 2013 дар Мали кушта шуданд, интихоб гардидааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста