Тариқи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии 1 млн. нафар аҳолии деҳоти нуҳ ноҳияи Тоҷикистон» Русия ба Тоҷикистон 6,7 млн.$ ҷудо кард.
Созишномаи бурсӣ дар ин хусусро сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд.
Ба гуфтаи Александр Зуев, дар лоиҳа ҷиҳати беҳбуди шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ дар нуҳ ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт амалисозии як қатор тадбирҳо пешбинӣ шуда, лоиҳа аз ҷониби Русия маблағгузорӣ ва муддати се сол амалӣ мегардад.
Дар доираи амалисозии лоиҳа зиёда аз 500 нафар ба омӯхтани касбҳои нав имкон пайдо карда, дар маҷмӯъ лоиҳа ба беҳбуди ҳудуди 1 млн. нафар сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
«Ин лоиҳаи нахустини Русия дар Тоҷикистон аст, ки тариқи Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад ва мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин барнома кӯшиш ба харҷ медиҳем», - гуфт сафири Русия.
Ҳамчунин сафир зикр кард, ки зимни амалисозии лоиҳа ба ноҳияҳое, ки феълан маҳсулоти кишоварзиро ба Русия содирот мекунанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста