Пас аз бемории тӯлонӣ собиқ мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Исомиддин Салоҳиддинов дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, марҳум то аввали соли равон роҳбарии иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайванд» оид ба робитаҳо бо ҳамдиёрони хориҷи кишварро ба уҳда дошт.

Аввали солҳои 90-ум Салоҳиддинов аз ноҳияи Синои пойтахт вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, давоми солҳои 1998-2001 ба ҳайси мушовири президенти мамлакат фаъолият кардааст.

Ҷасади марҳум имрӯз дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент ба хок супурда мешавад.