Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петрбург дар Душанбе губернатори пойтахти шимолии Русия Георгий Полтавченко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Ёддошти тафоҳум миёни шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати кориро ба имзо расониданд.
Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, мутобиқи бандҳои санади баимзорасида, сафари муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург қонунӣ сурат гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ҳимоя мешаванд.
«Корхонаву ташкилотҳои шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷирони корӣ аз шаҳри Душанберо муташаккилона ва бо назардошти эҳтиёҷ ба кор ҷалб мекунанд», - иброз дошт Саидов.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар пойтахт байни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №92-и Душанбе ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №261 -и ноҳияи Кирови Санкт-Петербург Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста