Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар ТҶ «Хома» аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ шурӯъ шуд. Барномаи таълимӣ кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистонро ҷалб намудааст, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар соҳаи дизайн сайқал диҳанд. Дар миёни иштирокчиён нафароне низ ҳастанд, ки ҳунари рассомӣ ва донишҳои базавии компютерӣ дошта, оянда хоҳиши бо графикаи телевизионӣ машғул шуданро доранд.
Дар варакаи иттилоотии ТҶ «Хома» дар ин робита зикр мегардад, ки барномаи таълимӣ аз ду давра иборат аст. Даври аввал панҷ рӯз идома ёфта (10-14 ноябр), онро тренерони маҳаллӣ мегузаронанд.
Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар даври якуми омӯзиш ба иштирочиён барномаҳои махсуси компютерӣ омӯзонида мешаванд, ки тариқи онҳо сохтани саҳнаи вертуалӣ, декаратсияҳо ва «муқоваи» барномаҳои телевизионӣ осон мегардад. Ҳамзамон бо иштирочиён рассомон, аккосон, наворбардорону коргардонони ботаҷриба кор бурда, ба онҳо нозукиҳои кори телевизион, истифода ва танзими дурусти наворҳо, сохтани эскизи декоратсияҳои телевизионӣ, фарқи тобиши ранг ва рушаниро меомӯзонанд.
Дар барномаи таълимӣ кор бо барномаҳои Adobe AfterEffects, 3ds Max ва Adobe Photoshop дар назар аст.
Даври якум иштирокчиёнро ҳамаҷониба барои даври дуюми омӯзиши дизайни телевизионӣ омода месозад, ки рӯзҳои 24-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Дар он бо ҷалби тренери хориҷӣ иштирокчиён бо омӯзиши графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар доираи амалишавии даври омӯзишӣ аз худ намудани технологияи муосири телевизионӣ, лоиҳакашӣ, такмили малакаи кор бо дизайни графикӣ ва корҳои амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Баъди пурра гузаштани даври омӯзишӣ, ҳар як иштирокчии он ҳамчун кори мустақилона бастаи тайёри дизайни як барномаи телевизиониро омода мекунад, ки дар эфири шабакаи телевизиони мустақил ва ё давлатӣ истифода мешавад.
Даври омӯзиширо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» амалӣ хоҳад кард, ки хадафи асосиаш ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.
Маълумотнома: ТҶ «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии дониши ҳуқуқии онҳо, идоракунии босамари ВАО ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистика дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи асосии ташкилот ба ҳисоб меравад. ТҶ «Хома» дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста