Санаи 10-уми ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи номдори Grand Nile Tower воқеъ дар ар-Равзаи Қоҳира ба муносибати бузургдошти 20-умин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Миср хабар доданд, дар зиёфати расмӣ мақомоти роҳбарии Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Арабии Миср, корпуси дипломатии муқими Қоҳира, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираҳои бозаргонии кишвар, шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ва дигарон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, дар суханронии шодбошии худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ба аҳаммияти сарнавиштсози қонуни асосии кишвар дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он ба сӯи пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.