Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз шаш кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 14 медали тилло ғолиб шуд.
Ба иттилои Федератсиюни дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил буд. Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон - Фирдавс Назаров (56 кг), Салмон Раҳмихудоев(66 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) – барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ гирифт.
Ин мусобиқа барои варзишгарони навраси тоҷик як давраи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё буд, ки он моҳи декабр дар Ҳонконг баргузор хоҳад шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста