Аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 23 сол сипарӣ гардид. Ба монанди дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд.

Дар шароити муосир Тоҷикистон аз сохтори давлатдории тоталитарӣ, сохтмони коммунизм, иқтисодиёти нақшавӣ ва дигар арзишҳои хоси давлати шӯравибуда даст кашида, рӯ ба арзишҳои демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи моликияти хусусӣ, иқтисоди бозорӣ ва эътирофи гуногуншаклии моликият ниҳод. Баъзе аз ин арзишҳо дар Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мустаҳкам шуда буданд, аммо ба қабули санади тақдирсозе, ки инъикорсари манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат бошад эҳтиёҷот пайдо гардид. Чунин санади муқарраркунандаи асосҳои сохтори давлат ва ҷомеа конститутсия ба ҳисоб меравад. Худи истилоҳи «конститутсия» аз лотинӣ – «constitutio» гирифта шуда маънояш сохт ва муқарраркунӣ мебошад. Истилоҳи «конститутсия» ҳанӯз дар давраи Рими Қадим истифода шуда, номи қарори Императорро дошт ва дар як давлат якчанд конститутсияҳо амал мекарданд. Конститутсия ба маънои имрӯзааш аввалин маротиба соли 1787 дар ИМА, соли 1789 дар Фаронса ва соли 1791 дар Полша қабул гардида буд, ки ҳоло низ амал доранд.

Конститутсия ба маънои имрӯзааш қонуни асосии давлат, қонун барои қонунҳо мебошад, ки асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, вазъи ҳуқуқии шахсият ва тартиби таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллиро муайян мекунад. Конститутсияҳои навишташуда (дар як ҳуҷҷат навишташуда) ва нонавиштаро (якчанд қонунҳое, ки дар шакли ҷамъ Конститутсияро ифода мекунанд) фарқ мекунанд. Инчунин конститутсияҳои дурушт (ба тариқи райъпурсӣ қабулшаванда ва бо ҳамин тарз ба он тағйиру иловаҳо ворид созанда) ва чандирӣ (аз ҷониби мақомоти олии намояндагӣ, яъне парлумон қабулшаванда ва бо ҳамин тарз ба он тағйиру иловаҳо ворид созанда) фарқ карда мешаванд.

Инак, Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдории демократӣ хусусиятҳои конститутсияҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, манфиатҳои миллӣ ва минталитети шаҳрвандони мамлакатро ба назар гирифт. Ин буд, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалӣ қабул гардид.

Тибқи моддаи 1 Констиутсия «Ҷумҳурии Тоҷикстондавлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин муқаррарот заминаи асосии инкишофи демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар гардид.

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хислатҳои халқӣ, асосгузоранда, устуворӣ ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштан хос аст.

Чӣ тавре дар боло қайд гардид, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ин хоси мамлакатҳои демократист. Худи Конститутсияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави ва ҶШС Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои олӣ қабул мегардиданд. Аз ин рӯ Конститутсияи Тоҷикистонро ҳамчун омили ризоият байни тамоми қишри ҷомеа, ҳуҷҷати дар асоси компромисс тартибдодашуда гуфтан мумкин аст, зеро кам ёфт мешаванд шахсоне, ки ба баъзе муқаррароти он розӣ набошанд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ пешниҳодоти қувваҳои мухолифи кишвар низ ба инобат гирифта шудааст.

Хислати асосгузорандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки вай новобаста аз хурд будани ҳаҷмаш муҳимтарин муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад ва асос барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия сарчашмаи асосии қонунгузории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар худи кодексу конунҳои ҷумҳурӣ ин ибора қайд гардидааст. Масалан, дар моддаи 3 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад». Муқаррароти шабеҳро дар дигар қонунҳои конститутсионӣ, мураттабшуда ва ҷорӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Дар Конститутсия муқаррарот оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, маъмурӣ, мурофиавӣ ва ҳ.к. дарҷ гардидааст.

Ба устувории меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намудани даровардани тағйиру иловаҳо мусоидат мекунад. Яъне муқаррар карда мешавад, ки танҳо бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо даровардан мумкин аст. Ин буд, ки бо сабаби андак тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба назар гирифтани баъзе пешниҳодоти қувваҳои сиёсии мамлакат ҳамагӣ ду маротиба – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Сарқонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.  Меъёрҳои Конститутсия бо мақсади ба муддати тӯлонӣ амал намудан нигаронида шудаанд. Устувор нигоҳ доштани Конститутсия эътибори онро дар байни дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои хориҷа баланд мебардорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Қувваи ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷои онро дар иерархияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад. Мафҳуми «қувваи ҳуқуқӣ» мутобиқати ҳатмии санади аз тарафи мақомоти сатҳи поёнӣ қабулшуда ба санади аз тарафи мақомоти сатҳи болоӣ қабулшударо ифода мекунад. Тибқи банди 1 м. 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо  ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Волоияти Конститутсия маънои онро дорад, ки давлат, ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Тоҷикистон доктринаи низоми дуалистии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дастгирӣ намуда, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мақоми воло додаст. Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификатсияшуда қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, дар сурати қонунҳои ҷумҳурӣ ба онҳо мутобиқат накардан меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Ин муқаррарот аз эҳтироми принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ ва таккон бахшидан ба фаъолияьт босамари созмонҳои байналмилалӣ далолат медиҳад.

Дар баробари санади муҳими асосгузоранда буданаш Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимоя аз поймолшавии меъёрҳои он ниёз дорад. Тибқи банди 2 м. 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти  миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Аз ин рӯ баҳри амалишавии меъёрҳои Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи салоҳияти худ, ки дар моддаи 69 Конститутсия пешбинӣ шудааст, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, ки бо мақсади ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, Суди конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии  якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ,  Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва  дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд; баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо ба миёномадаро ҳал мекунад ва ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, иҷро мекунад. Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист ва аз болои онҳо шикоят овардан мумкин нест.

Худи Конститутсия низ меъёрҳои худмуҳофизатиро муқаррар мекунад, яъне тибқи банди 2 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ин яке аз чаҳор ӯҳдадории асосии инсон ва шаҳрванд аст, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, омили ризоият ва ҳамгироӣ таи бист соли амалаш тавонист дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократияро бунёд гузорад. Ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, аз меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз огаҳ бошад ва иҷрою риояи онро қарзи ҷонии хеш шуморад. Хусусан падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми шахсони масъули тарбиятдиҳандаи насли ҷавонро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи муҳофизати Ватан, пос доштани Сарқонун, риояи қонунҳои кишвар ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоянд.