Анонс

- Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

-  Дар Душанбе таҳти унвони «Таъсири обшавии пиряхҳо ба вазъи захираҳои обии миллӣ ва фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ» семинари байнулмилалии дурӯза оғоз мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилаллии наҷоти Арал, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО, Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати ИМА созмон дода мешавад. Оғоз соати 09-00 дар меҳмонхонаи «Серена».

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0662 сомонӣ;

1 евро - 6.3313 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.11 26 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1918 – Ҷанги якуми ҷаҳон ба итмом расид.

2004 — Оғози ҷараёни аз ҷониби марзбонони рус ба ихтиёри марзбонони тоҷик супурдани посбонии марзи Афғонистону Тоҷикистон.

2010 — Дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон доир гардиданд.

1956 – Зодрӯзи нависанда Марямбонуи Фарғонӣ.

1960 – Мавлуди собиқ раиси КВД «Сайёҳ» Саламшо Муҳаббатов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, сипас аксаран бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +2+7;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.