Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкори швейтсарӣ Оливие Леноссиер дар шаҳри Женева маросими кушодашавии Маркази фарҳангиву иттилоотии "Ошёни тоҷик" баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими ифтитоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими Швейтсария, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти расмӣ ва дустони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Маросимро бо сухани ифтитоҳӣ сафир Ҷамшед Ҳамидов оғоз намуда, ин падидаро ба муносибати 25-умин солгари истиқлолияти кишвари мо бахшид. Дар нутқи худ Сафир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастовардҳои кишвар тайи ин муддат алоҳида инъикос намуд.

Дар назар аст, ки тавассути Маркази зикршуда сокинони кишвари иқомат оид ба фарҳангу таърихи мардуми тоҷик, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муффасалро ба даст оранд.

Сафорат нақша дорад, то дар оянда аз имкониятҳои Марказ истифода бурда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро ҷиҳати муаррифии кишвари мо дар Швейстария пиёда намояд.