Ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳои ҷойдошта дар Душанбе доир ба ҷорӣ шудани лимити барқ дар пойтахтро рад мекунад.
Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» тариқи васоити ахбори умуми шаҳр аз истеъмолгарони барқи пойтахт маъзарат хоста, изҳор доштааст, ки санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омада, дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд.
«Сабаби пайдоиши нуқсони номбурда вобаста ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи истеъмолбарандагон мебошад», - гуфтааст ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии Марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд.



