Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он маблағҳои буҷавӣ мебошанд.

Дар ҷараёни музокирот зикр гардид, ки тибқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 2020 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда суханронӣ намуда, қайд кард, ки низоми таъминоти кадрӣ вобаста ба фаъолияти нигоҳдорӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ниёз ба ислоҳот дошта, дар маҳалҳо шумораи мутахассисон — меъморони ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле кам ба назар мерасанд.

“Ҳамкории мақомотҳои дахлдор бо мактабҳои олии кишвар, ки мутахассисони соҳаро тайёр мекунанд, дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷа дар аксарият шаҳру ноҳияҳо гуруҳҳои нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода нашудаанд ва ё фаъолияти онҳо суст ба роҳ монда шудааст. Аксарияти мутахассисони маҳаллӣ ниёз ба такмили ихтисос ва касб доранд. Ин кор номунтазам ба роҳ монда шудааст, ки нигаронкунанда мебошад”, - гуфт Лутфия Раҷабова.