Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ феҳристи нави ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки дар он миқдори умумии ёдгориҳои моддӣдар ҷумҳурӣ 3047 адад арзёбӣ шуда, вале зикр мегардад, ки рақами мазкур ниҳоӣ набуда бо дарназардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорат, таҳияи лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик пешниҳод карда шудааст.
Гуфта мешавад, бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар Тоҷикистон соли 1950 оғоз гардидааст, ки тибқи «Рӯйхат»-и мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159-ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношударо дар бар мегирифт.
«Давраи дуюми бақайдгирӣ соли 1971 ба анҷом расонида шудааст, ки тибқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» - 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд», - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута Феҳрист барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардида, шакли электронии он ба бойгонии шабакаи ягонаи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид карда мешавад.



