Дар маросими ақди никоҳи аксари кишварҳои саросари ҷаҳон мусиқӣ (марш)-и маъруфи аз ҷониби Феликс Менделсон Бартолди эҷодшуда 25 январи соли 1842 истифода мешавад.

Лекин дар Тоҷикистон сол то сол ин мусиқии тӯёна камтар истифода шуда, навхонадорон бештар мусиқиҳои миллӣ ё дорои тобишҳои шарқиёнаро интихоб мекунанд. Дар ин бора кормандони Хонаи ақди никоҳи Душанбе хабар доданд.

Дар зер мусиқиҳои бештар писанди навхонадорони тоҷикистониро дар маросими ақди никоҳ манзуратон мегардонем.

Нозияи Кароматулло «Арӯсӣ" 

Садриддини Наҷмиддин «Шаб бахайр» (навори видео дарёфт нашуд)

Шабнами Сурайё «Тӯёна» 

Зикрулло Ҳакимов «Ҳа Баракалло» 

Фарзонаи Хуршед «Не магӯ» 

Гурӯҳи «Шамс» «Ба лолазор»

Андӣ "Арӯсакӣ"

Лаҳзаҳо аз тӯй