Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ хонум Ясмин Гуедарро ба яке аз донишггоҳи бузурги кишвар хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 19 ҳазор донишҷўён аз рўйи беш аз 60 ихтисос дар 16 факултет таълим гирифта истодаанд.

«Дар донишгоҳ ба масоили омўзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус дода шуда, донишҷўён забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ, хитоӣ, немисӣ, русӣ, ўзбекӣ, ва ғайраҳо омўзонида мешавад. Мутаасифона то ҳол забони фаронсавӣ таълим дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки мо ниёз ба омўзиши ин забони аврупоӣ дорем», - гуфт ректор.

Сафири Фаронса Ясмин Гуадер қаблан хушҳолӣ аз пешвозгирии тоҷиконаро изҳор дошт, ки бори аввал ба ин донишгоҳи бузург қадам ранҷа менамояд ва ҳавасаманди ҳамкории мутақобила, дар самти тарғиби забони фаронсавӣ, мубодилаи таҷрибаи донишгоҳҳо буда, муаммо ва мушкилоти ба пешомадаро ба мақомоти марбутаи кишвари Фаронса мерасонад.

«Дари донишгоҳҳои Фаронса барои донишҷўёни тоҷик кушода аст, мо хоҳиши таҳсили донишҷўёни фаъолу болаёқат дар кишварамон ҳастем. Дар мувофиқа бо Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси квотаи махсуси таҳсили донишҷўён да Фаронса сайъ хоҳем намуд ва бояд донишҷўён баъди таҳсил дар Ватани хеш ҳадди аққал се-чор сол кору фаъолият намоянд», - иброз дошт сафир.

Ясмин Гуадер гуфтааст, ки эҳтимоли ҷалби омўзгорони фаронсавӣ, ки имрўз ба нафақа баромадаанду шуғли амиқ надоранд дар сурати таъмини ҷойи хоб, онҳо метавонанд барои донишҷўёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров забони фаронсавиро омўзонанд.

Сафир изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик дар назди ДДХ ба номи кадемик Бобоҷон Ғафуров гўшаи фаронсавиро таъсис намуда, шояд дар ояндаи наздик омўзиши ихтисоси фаронсавӣ низ роҳандозӣ карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот муносибати ҳасанаи ду кишвар, мубодилаи илму иттилоот, табодули таҷрибаҳои донишгоҳҳои тарафҳо, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ба сафир китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро бо забони англисӣ ва намунаи эҷоди тасвирии донишҷўёнро тақдим кард.

Сипас, сафири Фаронса Ясмин Гуадер дар Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дидан намуд. Бояд гуфт, ки ҷараёни сафари сафири Фаронсаро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.