Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт натиҷагирӣ шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Муҳаммадӣ Неъматов, корманди ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, беҳтарин нозири минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе эътироф гардид.
Зинаи дуюмро Фарҳод Эшмаҳмедов, нозири минтақавӣ дар ШВКД ноҳияи Сино ва мақоми сеюмро Муқимҷон Юсупов, сарнозири ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ишғол намуданд.
Ғолиби озмун бо 15 ҳазор сомонӣ, ва кормандони милитсияи зинаҳои дуюму сеюмро ишғолкарда мутаносибан бо 12 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Маросими тақдими шаҳодатнома ва мукофтпулиҳо дар Рӯзи пойтахт доир гардид, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ботантана ҷашн гирифта шуд.




