Шоми имрӯз дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мусиқи (Иди мусиқӣ) консерти идона баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, консерт бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон барпо мешавад

Гуфта мешавад, дар консерти идона гурӯҳҳои ҳунарии «Авесто», «Садои пойтахт», «Ножан», «Навои Дарвоз» «Бародарон» ва гурӯҳи Иззат Шарифӣ бозёфтҳои эҷодии худро манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ (Иди мусиқӣ) дар Тоҷикистон аллакай муддати 13 сол аст, ки ҷашн гирифта мешавад ва дар паҳнои ИДМ имрӯз Тоҷикистон ягони кишварест, ки ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои идона созмон медиҳад.