Соли гузашта 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки дар қиёс бо соли 2016 ба андозаи 25,4 фоиз зиёдтар аст.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, баҳри муваффақ гаштан ба дастовардҳо дар ин самт тамоми асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муҳайё ва чораҳои ҳавасмандсозӣ амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба кишвар барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод ва ширкатҳои сайёҳӣ низ муддати 5 соли фаъолияти худ аз пардохти андоз аз фоида озод шудаанд.
Ба гунаи мисол Нуъмон Абдуғаффорзода қайд кард, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон барои шаҳрвнадони 80 кишвари ҷаҳон низоми соддаи раводид ва шабакаи ягонаи элкетронӣ ҷорӣ шудааст.
Зикр гардид, ки айни замон Кумита дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ лоиҳаҳои зеринро мавриди омӯзишу таҳия қарор додааст:
- сохтмони меҳмонхонаи «Хонаи шикорчиён» дар ноҳияи Ховалинг;
- сохтмони осоишгоҳи муосир дар шаҳри Норак;
- сохтмони маҷмааҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Ваҳдат;
- бунёди маҷмааи хизматгузории маишӣ барои сайёҳон дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара;
- таъсиси маркази хизматгузории нақлиётӣ, харидории автобусҳои сайёҳии як ва дуошёна;
- бунёди иншооти зербинои қад-қади роҳ, аз ҷумла меҳмонхоанхои хурд (мотелҳо), ҳоҷатхонаҳо ва ғайра.
Қрбили зикр аст, ки аз Тоҷикистон ба сифати сайёҳон асосан шаҳрвнадони Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Украина ва Ӯзбекистон боздид мекунанд.
«Аз кишварҳои ғарбӣ низ шумори сайёҳон дар ҳоли фазоиш аст. Ҳамаи кору талоши мо имрӯз ба он равона гардидааст, ки то соли 2020 шумори сайёҳонро ба Тоҷикистон то 1 млн. нафар расонем», - афзуд Абдуғаффорзода.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




