Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро барои соли 2018 тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.
Гуфта мешавад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




