Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо СММ созмон дода шуд.

Дар кори конфронс 75 ҳайатҳои расмӣ иштирок мекунанд. Шумори умумии иштирокдорони чорабинӣ наздик якуним ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар конфронс сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар - Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доранд. Ҳайати СММ-ро муовини Дабири кулли Созмон Лю Чжэнмин роҳбарӣ мекунад.

1/25

Ҳамаи аксҳо аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.