Таърихи кашфи қулла тӯлонӣ ва ғайриоддӣ буда, ба омӯзиши Помир аз ҷониби муҳаққиқони русу олмонӣ марбут аст.

Дар бораи андозаи баландии он солҳои зиёд баҳсҳо идома карда, танҳо дар соли 1928 муайян карда шуд, ки баландии он 7496 метр ва нуқтаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аст. Соли 1932 ба ин қулла номи Сталин (ба ифтихори 55-солагиаш) гузошта шуд.

Соли 1933 дар ҷараёни хеле тӯлонӣ ва душвори фатҳи қулла танҳо як кӯҳнавард – Евгений Абалаков то нуқтаи баландтарини он расида тавонист. Дар қулла дастгоҳи автоматии радиоии обуҳавосанҷӣ гузошта шуда, ин рӯз санаи фатҳи қуллаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ шуморида мешавад.

То соли 1962 қулла ба номи Сталин боқӣ монда, сипас ба қуллаи Коммунизм ва баъдан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ табдили ном кард. Сарфи назар аз ном, то ҳол ин қулла барои кӯҳнавардони саросари ҷаҳон ҷолибу мавриди таваҷҷуҳ аст.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.