Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба феҳристи 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё дар соли 2018 шомил шуд. Ин рӯйхат ҳамасола дар сомонаи Themuslim500.com нав мешавад.

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки имсол ба он Ҳабиб Нурмуҳаммедов низ номнавис шудааст.

Ба ҷуз Ҳабиб Нурмуҳаммедов, ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини саросари дунё боз 7 нафари дигар низ  аз олами варзиш шомил гардидааанд: ҳамлагари тими футболи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Пол Погба”, футболбози “Арсенал” Месут Озил, собиқ сармураббии “Реал” Зинетдин Зидан, собиқ номазад ба мансаби президенти ФИФА Алӣ бин Ал-Ҳусейн, крикетбоз Ҳошим Амла ва регбибоз Сонни Уилямс.

Ҳамлагари тими “Ливерпул” ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ ягона варзишгарест, ки дар қатори 50 нафари аввали феҳрист (46-ум) қарор дорад.

Дар рейтинги 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешсаф аст. Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғо Хони IV дар зинаи 36-уми рейтинг ҷойгир шудааст.

Дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё аз сиёсатмадорон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон ва Туркманистон ҳузур доранд.

Ҳамчунин дар феҳристи мазкур номи муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов низ зикр шудааст.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.