Дар шаҳри Душанбе бинои Мактаби давлатии санъати ба номи Аминзода, ки дар рӯ ба рӯи варзишгощи Спартак воқеъ аст, кӯчонида мешавад.

Волидони хонандагони мактаб аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин кор дар нимаи соли хониш сурат гирифта, гузашта аз ин, онҳоро ба маҷмааи “Наврӯзгоҳ мекӯчонанд, ки ба ақидаи онҳо, комилан барои ҷараёни таҳсил мувофиқ нест.

Волидон дар ин робита бо дархости кумак ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, муроҷиати онҳо дар шабакаи иҷтиомии Фейсбук нашр шудааст.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки бинои нави маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба меъёрҳои пешниҳодшуда нисбати муассисаҳои таълимӣ мутобиқ набуда, ғайр аз ин, бино дар қисмати душвори дастраси шаҳр ҷойгир шудааст ва бо равуои нақлиёти ҷамъиятӣ хуб таъмин нест.

“Аз рӯи мантиқ ва ақли солим кӯчонидан бояд пас аз анҷоми супурдани имтиҳонҳо, яъне тобистони соли 2019 сурат мегирифт. Чанде қабл дар мактаб таъмир гузаронида шуд, барои ин воситаҳои буҷет харҷ шуданд, низоми гармидиҳӣ гузарониданд, синфҳо аз таъмир бароварда шуданд ва акнун баъди ҳамаи ин хароҷоту кӯшишҳо таълимгирандагони мактаб қарриб ба кӯча партофта мешаванд”, - омадааст дар муроҷиатномаи волидон.

Барои шарҳи ин масъала мо ба мақомоти шаҳрдории пойтахт дар тамос шудем. Дар дафтари матбуоти раиси шаҳр ба мо хабар доданд, ки аз ин муроҷиатнома огаҳӣ дошта, “онро баррасӣ ва дар борааш ба як қароре мерасанд”.

Дар ҳамин ҳол, яке аз волидони хонандагони ин мактаб имрӯз ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар бораи кӯчонидани мактаб онҳо дар консерт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ин мактаб огаҳӣ ёфтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба онҳо вохӯриро бо муовини раиси пойтах Мавсума Муинӣ ваъда додаанд. “Умедворем, ки мақомот ба мушкили мо расидагӣ карда, масъалаи кӯчонидани мактаб бознигарӣ мешавад”, - изҳори умедворӣ намуд зан.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.