Аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ки арчаи солинавии пойтахт имсол баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Арчаи солинавӣ дар майдони асосии Тоҷикистон – “Дӯстӣ” гузошта шуда, баландии он 29 метр (соли гузашта – 28 метр) ва масоҳати он дар атрофи поягоҳ 15 метрро ташкил медиҳад.
Бо супориши шаҳрдор Рустами Эмомалӣ арчаи солинавии шаҳри Душанбе бояд то рӯзи 10-уми декабр қомат афрозад.
Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд.
Чун солҳои пешин арчаи асосии кишвар имсол низ светодиодӣ ва аз чор ранг иборат буда, ин дафъа онро 16 ҳазор адад бозичаҳо оро медиҳанд.
Шаби 31-уми декабр дар майдони “Дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор шуда, дар фарҷоми он муддати панҷ дақиқа мушакпарронӣ сурат мепазирад.

Баландии арчаи солинавии Тошканд 36 метр аст
Дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Тошканд, назди китобхонаи ба номи Алишери Навоӣ баландтарин арчаи солинавӣ дар таърихи Ӯзбекистон гузошта шуд. Арчаи солинавии пойтахти Ӯзбекистон имсол бо 25 ҳазор бозича зебу зинат дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста