Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолон тасмим гирифтанд, ки барои харидории сарулибоси тиббии муҳофизатӣ ба табибон, ки ба муолиҷаи беморон дар муассисаҳо машғуланд, маблағ ҷамъоварӣ кунанд.
Яке аз фаъолон, ташаббускори ин иқдом Зебуннисо Солиева ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки бо мушоҳидаи вазъи душвори кори табибон худро канор гирифта натавонист.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин даъват натанҳо сокинони Тоҷикистон, балки аз Русия ва ИМА низ ҳамовозӣ карданд.
“Наворҳои видеоиеро аз Эрон дидам, ки табибон бе либоси муҳофизатӣ мондаву фавтиданд. Намехоҳам, ки дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо ба амал оянд”, - изҳор дошт Зебуннисо.
Номбурда мутамин аст, ки ҳукумат набояд дар ин масъала хомӯшӣ ихтиёр кунад:
“Ба ақидаи ман, эътироф накардани вуҷуд доштани коронавирус дар мо нодуруст аст. Вазъ дар беморхонаҳои Хуҷанду Душанбе гувоҳи он аст, ки дар мо Covid-19 вуҷуд дорад. Байни одамон ҳамаи аломатҳои ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҳукуматдорон даъват мекунам, ки аз Чину Русия ё Кореяи Ҷанубӣ мутахассисонро бо низоми хушсифати тестӣ даъват кунанд”.
Ба ақидаи Зебуннисо Солиева, агар Тоҷикистон ба мисли Ӯзбекистон саривақт карантин ҷорӣ карда, аз тест гузаштани одамонро босифат анҷом медод, “шояд дар муддати 1,5 моҳ онро паси сар мекардем”.
“Тавре маълум аст, Тошканд аллакай аз 10-уми май бо талафоти ҳадди камтарин карантинро бекор мекунад”, - қайд кард ӯ.
Кумаки бидуни ифшои ному насаб ва суроға
Ба қавли Зебуннисо, ҳанӯз аз аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ аз сокинони кишвар даъват мекард, ки ба чорабиниҳои оммавӣ, тӯйҳову дигар макони сериздиҳом нараванд.
“Пас аз даъватҳоям дар хавотир будам, ки бо даъвоҳо ба наздам меоянд, лекин Худоро шукр, касе наомад. Аз ҳамватанон даъват мекунам, ки дар чунин шароит худро канор нагирифта, бидуни ҳарос мавқеи худро изҳор доранд ва аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунанд”, - афзуд ӯ.
Зебуннисо Солиева қайд кард, ки онҳо ному насаби табибон ё беморхонаҳоро ифшо намекунанд.
Табибон ҳам бе ҳарос доир ба эҳтиёҷоти худ маълумот доданд. Бархе аз одамон пулу имконот доранд. Магар беҳтар нест, ки ҳама мушкилотро ошкоро бигӯему ҳамроҳ пайи ҳалли онҳо шавем”, - мегӯяд ӯ.
“Ҳамаи кумак бидуни ифшои аз киҳо ва аз куҷо расидани он сурат мепазирад. Ният надорем, касеро танқид кунем, ки ин ё он чизе намерасад. Мо ҷомеа ва халқи ягона буда, дар соати душвор бояд ба ҳамдигар кумак кунем. Кӣ медонад, шояд имрӯз ё фардо яке аз мо ҳам дар ин беморхонаҳо бистарӣ мешавем. Ҳама – ҳукумату табибон ва рӯзноманигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд муттаҳид шаванд, то ки ин ваборо мағлуб кунем”, - афзуд Зебуннисо.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.