Сарфи назар аз вазъи ҳаяҷоновар дар саросари дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ, бо нашри навори нави рекламавии Бонки Эсхата, ба мо муяясар шуд, ки табъи Шуморо каме ҳам бошад, болида созем. Давоми 2 рӯз дар ҳамаи саҳифаҳои Бонки Эсхата, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин наворро беш аз 58 000 нафар тамошо карданд. Дар навор мардум ба истифода аз хизматрасонии фосилавии Бонки Эсхата бидуни берун рафтан аз хона даъват мешаванд.

“Ҳамқадами замон бошед””, - бо ин гуфтаҳо Гавҳар Тоҷибоева, ҳунарманди Театри мусиқии мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба навори мо ҳусни хотима мебахшад. Бо вуҷуди калонсолиаш, ӯ мардумро ба ҳамқадами замон будан ҳидоят мекунад.

Хизматрасонии “Эсхата Онлайн” – бонк дар телефони шумост, ки ба туфайли он ҳар нафаре бидуни тарки хона метавонад зиёда аз 100 навъи пардохтҳоро анҷом диҳад. Агар дар телефонатон хизматрасонии “Эсхата Онлайн”-ро насб кунед, пардохти алоқаи мобилӣ, интернет, хизматрасониҳои коммуналӣ, пур кардани кортҳои бонкӣ, пардохти қарз, гирифтани пули интиқолёфта ва бисёр дигар пардохтҳову амалиёти бонкӣ дастрас хоҳанд шуд.

Наворро тамошо кунед ва ҳамаашро худатон мефаҳмед!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.