Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон субҳи имрӯз ба зодгоҳи худ - ноҳияи Данғара ташриф овард. Дар ин ҷо ӯ марҳилаи дуюми корхонаи “Фрам Текс”-ро ба истифода дода, сипас аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳадаф аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ба ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

1/9

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.