Ҳамаи билетҳо ба хатсайри махсус аз шаҳри Франкфурти Олмон ба Душанбе фурӯхта шуданд. Шахсоне, ки ба ин хатсайр билет дарёфт карда натавонисанду аз Аврупо ба ватан баргаштанианд, рӯзи 10 июл тариқи Беларус бо хатсайри чартерӣ аз Минск ба Тоҷикистон омада метавонанд.

“Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Олмон. - Ширкати “Сомон Эйр” ба мо хабар дод, ки билетҳо пурра ба фурӯш рафтаанд. Мо ва дигар намояндагон дар кишварҳои аврупоӣ рӯйхати шаҳрвандони хоҳишманди бозгашт ба ватанро тартиб дода, ба ширкати ҳавопаймоӣ барои фурӯши беилетҳо пешниҳод кардем. Мутаассифона, ҳамаи билетҳо ба хатсайри чартерии рӯзи 8 июл аз Франкфурт ба Душанбе аллакай фурӯхта шудааст”.

Дар намояндагии дипломатӣ ба хоҳишмандони бозгашт аз Аврупо ба хона инро тариқи Беларус пешниҳод мекунанд. Хатсайри махсус аз Минск рӯзи 10 июл ба нақша гирифта шудааст, ки он аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” иҷро мешавад.

Ёдрас мекунем, ки пагоҳ, 8 июл соати 12.30 (вақти Олмон) иҷрои парвоз бо хатсайри SZ102 бо масири Франкфурт - Душанбе пешбинӣ шудааст. Сафорат аз мусофирон дархост кардааст, ки на дертар аз 3 соат то вақти парвоз ба фурудгоҳи Франкфурт ҳозир шаванд.

Инчунин рӯзи 9 июл барои ба ватан баргардонидани тоҷикистон аз Қазоқистон иҷрои хатсайри чартерии ширкати “Сомон Эйр” бо масири Душанбе - Алмато - Душанбе пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.