Паёмаке, ки корбарони Facebook байни ҳам босуръат табодул карданд, асоси воқеӣ надорад ва шӯхии фиребомезе беш нест.

Чӣ санҷида шуд?

22-уми июли соли ҷорӣ чанде аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook паёмакеро дар саҳифаҳои худ гузошта, аз дигарон талаб каранд, ки касе онро мебинад, дар шарҳ аломати «+» гузорад. Паёмаки мазкур бо забони русӣ дар байни корбарони шабака босуръат чарх мезад ва дар муддати кӯтоҳ зуд «машҳур» ҳам гардид.

Скриншоти паёмак аз саҳифаи яке аз корбарони Facebook

Factcheck.tj ин паёмакро мавриди санҷиш қарор дод ва то чӣ андоза дурустӣ ё нодурустии онро дақиқ кард.

Ҳукмнома: Фейк

Воқеият ин аст, ки то имрӯз ягон далел вуҷуд надорад, ки алгоритмҳои Facebook шуморо аз дидани ин ё он паёмҳои шумораи муайяни дӯстон маҳдуд созад. Дар ҳоле, ки Марк Сукерберг – бунёдгузори Facebook, соли 2018 гуфта буд, «ин шабакаи иҷтимоӣ барои боз ҳам наздиктар кардани одамон ва барқарор сохтани муносибатҳо таъсис дода шудааст» (бойгонӣ).

Бинобар ин, ҳама гуна паёмҳо дар бораи «фиреб»-и Facebook комилан асос надоранд!


Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи Sophos, ки дар самти истеҳсоли воситаҳои амнияти иттилоотӣ бевосита сару кор мегирад, ҳанӯз 3-уми январи соли 2019 дар ин бора матлаберо нашр намуда, фейк будани паёми мазкурро собит карда буд (бойгонӣ).

Гуфта мешавад, соли 2019 шабакаи иҷтимоии Facebook ҳеч гуна «маслиҳатеро дар бораи маҳдудияти шумори хабарҳо» ба нашр нарасонидааст. Инчунин, Facebook ягон алгоритми наверо ҳам пешниҳод накардааст, ки «ҳамон як кас – тақрибан 25 нафарро интихоб мекунад, ки хабарҳои шуморо мехонанд».


Аз матлаби ин сомона бармеояд, ки паёми мазкур нахуст ба забони англисӣ нашру паҳн гашта, ҳоло ба забони русӣ дар Facebook дубора чарх мезанад.

Дигар ин ки сомонаи Snopes, ки бештар бо далелсанҷӣ машғул аст, ба ин монанд паёмеро ҳанӯз 6-уми феврали соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода буд (бойгонӣ). Вале он замон сухан дар бораи «26 нафар дӯстон» мерафт, ки ин сомона аз фейк будани он хабар додааст.

– Ҳанӯз моҳи декабри соли 2017, овозаҳо дар бораи алгоритми нави Facebook шумораи дӯстонеро, ки паёми онҳо дар сатри навигариҳои корбарон пайдо мешаванд, маҳдуд мегарданд, бори аввал паҳн шуда буд,– менависад Snopes.

Шабакаи иҷтимоии Facebook низ дар ин бора навиштааст, ки сатри навигариҳои шумо танҳо бо хабарҳои 26 нафар дӯстонатон маҳдуд буда наметавонад (бойгонӣ). Гарчанде Facebook ва шумори зиёди хабаргузориҳо воқеият надоштани паёми мазкур ва ба ин монандро борҳо собит кардаанд, вале ҳанӯз ҳам дар шабакаи иҷтимоӣ нашру паҳни он идома дорад.

«Facebook барои наздиктар кардани одамон ва барқарор сохтани муносибатҳо таъсис дода шудааст. Яке аз роҳҳалли ин масъала пайваст кардани одамон ба паёмҳои пурмазмун бо дӯстон ва оилаи онҳо дар сатри навгониҳо мебошад. Давоми чанд моҳи оянда мо радабандии худро навсозӣ хоҳем кард, то мардум имкон пайдо кунанд, ки бо одамони мавриди таваҷҷуҳи худ робитаи худро барқарор кунанд»,– изҳор доштааст, Марк Сукерберг – бунёдгузори Facebook (бойгонӣ).

Хулоса

Паёмаке, ки корбарони Facebook байни ҳам босуръат табодул карданд, асоси воқеӣ надорад, чун паёми мазкур шӯхии фиребомезе беш нест. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Фейк» ном гирифт.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook  ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!