Аз 17 август ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд. Истино танҳо кӯдакистонҳое хоҳанд буд, ки тибқи нақша дар онҳо корҳои таъмир ҷараён дорад.

Ҳазорон падару модарон бесаброна ифтитоҳи муассисаҳои томактабиро интизоранд, то ки фарзандонашонро ба дасти мураббиёни ғамхору дилсӯз супурда, ба кор бароянд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бари муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо низ номгӯи васеи тавсияҳоро оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва масофагирии иҷтимоӣ омода кард.

Роҳбарони кӯдакистонҳо бояд даромадгоҳи муассисаро бо таҷҳизот ва антсиептикҳо барои безарар гардонидани дастон таъмин намуда, ҳамарӯза ҳарорати кормандон ва кӯдаконро зимни ворид шудан санҷанд.

Якез аз тавсияҳои муҳими Вазорати маориф ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ дахл дорад: онҳо бояд аз коронавирус тест супорида, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи манфии он ба кор бароянд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои томактабӣ боз чунин тавсияҳо дода шудааст:

- Қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассиса ба роҳ монда шавад;

- Ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад;

- Кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаронида шаванд;

- Гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шавад;

- Машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шавад;

- Падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад.

Аз Хадамоти назорати давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз тест гузаштан бепул аст.

“Аз тест гузаштани кормандони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шаҳрвандон дар озмоишгоҳҳо бепул аст. Лекин аз Вазорати маориф ва илм дар хусуси ин масъала ҳоло мактуби расмӣ нагирфтаем. Аз ин рӯ, чӣ гуна ҷараён гирифтани онро алҳол мушаххас гуфта наметавонем”, - хабар доданд дар Хадамот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.