Дар шаҳри Бохтар рӯзи 17 октябр ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни “Оши палов” баргузор гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳаш аз ин чорабинӣ боздид намуда, ба ғолибони озмуни “Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.

Ошпазҳо аз ноҳияи Ёвон 1 тонна оши палав пухта, дар номинатсияи “Оши палави беҳтарин” ғолиб дониста шуданд.

Гуфта мешавад, соли равон кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ бо истифода аз тухмиҳои серҳосил истеҳсоли ғалладонаро беш аз 824 ҳазор тонна, сабзавотро - 1 млн 235 ҳазор тонна, полезиҳоро - зиёда аз 531 ҳазор тонна, меваҷот ва ангурро - қариб 262 ҳазор тонна таъмин намуданд, ки суръати афзоиши маҳсулоти кишовразӣ то 106,6-ро ташкил дод.

1/30

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.