Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 38,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 17 ҳазор тонна аз 58 кишвари ҷаҳон расидааст.
Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (42,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (10,8%), Туркия (10,3%), Ҳиндустон (8,2%), Русия (6,1%), Қазоқистон (4,9%), Дания (2,1%), Нидерланд (1,7%), Финландия (1,3%), ИМА, Белгия ва Олмон (1,1%-ӣ), Лаҳистон (Полша) ва Камбоҷа (1%-ӣ) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз оғози сол аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ кумакҳои молиявии бебозгашт дастрас намуд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ин гуна кумакро ҷумҳурӣ аз Бонки ҷаҳонӣ (11,3 млн доллар), Бонки осиёгии рушд (ҳудуди 2 млн доллар), Бонки исломии рушд (350 ҳазор доллар) низ гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста