Кӯдакони мактабе аз сахтгирии устоди тундхӯи худ ба танг омада буданд. Ба фикр афтодаанд, ки чорае биандешанд, то чанд рӯзе мактаб баста шавад. Зирактарини шогирдон гуфт:

- Бояд устод бемор шавад, то мо аз зиндону озори ӯ осуда шавем. Дигарон гуфтанд:

- Ин мард монанди санги хоро бар ҷой истода аст, ҳаргиз бемор намешавад.

Кӯдаки боҳуш гуфт:

-Чора ин аст, ки ман фардо субҳ, ба ӯ хоҳам гуфт:

-Устод! Чаро рангу рӯятон парида? Магар, Худой накарда, бемор шудаед?

Пас аз ман, ҳар касе ба мадраса меояд, бояд ба навъе аз нохушӣ ва рангпаридагии ӯ ҳарф бизанад, то хаёли ӯ парешон ва табъаш нохуш гардад…

Кам-кам, воқеан, нохуш мешавад! Ҳама раъйи ӯро писандидиданд.

Он яке зирактар ин тадбир кард,

Ки бигуяд: « Усто! Чунй ту зард

Хайр бошад, ранги ту бар чой нест,

Ин асар ё аз хаво ё аз табест».

Андаке андар хаёл афтад аз ин,

Ту бародар! Хам мадад кун инчунин.

Чун дарои аз дари мактаб бигу:

«Хайр бошад, усто! Ахволи ту!?

Он хаёлаш андаке афзун шавад,

Ки аз хаёле окиле мачнун шавад…».

Ройи он кудак бичарбид ах хама,

Акли у дар пеш мерафт дар рама.

Он тафовут хаст дар акли башар,

Ки миёни шахидон андар сувар.

З-ин кибал фармуд Ахмад дар макол:

«Дар забон пинхон бувад хусни ричол».

Фардо ҳамин корро карданд ва ҳар кас устодро дид, дилсӯзӣ кард, ва аз нохушии ӯ ҷӯё шуд.

Бардамид андешае з-он тифли хурд,

Пири бо сад таҷриба бӯе набурд!

Устод гуфт:

- Ман нохушие надорам, беҳуда магӯед. Вале исрори навомадаҳо ба табъи ӯ кам –кам таъсир кард ва хаёлаш парешон гардид.

Бадгумон шуд ва андак андак фикри нохуше ӯро машғул дошт. Оқибат бо ҳоли зор аз ҷо бархост, мактабро баст, рӯ ба хона ниҳод.

Аммо кӯдакон аз думболи ӯ ба хонааш рафтанд ва дар роҳ дилдорӣ медоданд, ки Худованд ӯро дармон хоҳад кард.

Устод ба хона, ки расид ба занаш фарёд зад, ки чаро бомдод ӯро аз рангпаридагӣ хабар накардааст?

Зан гуфт:

-Ту нохуш нестӣ, ранги чеҳраат шаҳодат медиҳад.

Мард гуфт:

-Ман аз беморӣ меларзам, ту мегӯӣ нохуш нестам!

Зан пеши худ гуфт: - Ӯ нохуш нест, аммо агар гӯям «нохуш нестӣ» намепазирад ва агар бигӯям «ҳастӣ» нохуш хоҳад шуд.

Фоли бад ранҷур гардонад ҳаме,

Одамиро, ки набудасташ ғаме.

Устод хобид ва кӯдакон гирдогирдаш ба дарс хондан нишастанд. Кӯдаки зирак оҳиста ба дигарон гуфт:

- Беҳтар аст бо садои баланд дарс бихонем, балки моро ба хона ҷавоб дихад.

ҳама ҳамин корро карданд. Кӯдаки зирак фарёд кашид:

- Баланд садо накунед, ҳоли устод бадтар мешавад!

Устод гуфт:

- Рост мегӯяд. Шумо ба хонаҳо биравед, то ҳоли ман беҳтар шавад.

Пас бурун ҷастанд сӯйи хонаҳо,

Ҳамчу мурғон дар ҳавои донаҳо.

Ва шоду хушҳол ба хонаҳои худ рафтанд. Модаронашон ғамгин шуданд, ки чаро мактабхона таътил шудааст? Кӯдакон гуфтанд:

-Устод бемор аст.

Аммо модарҳо бовар накарданд ва ҳама фардо ба дидорбинии ӯ рафтанд. Диданд, ки дар ҳақиқат нолону нохуш дар рахти хоб афтодааст. Аз ҳолаш ҷӯё шуданд.

Занаш гуфт:

- Аз зиёдии кор бемор шуда ва худаш хабар надоштаасту дирӯз кӯдакон ба ҳоли зораш пай бурдаанд! На ӯ ва на модарон огоҳ нашуданд, ки ин кӯдакон буданд, ки ӯро ба нохуш шудан водор карданд ва бовар кунонданд, ки воқеъан нохуш аст. Ҳеҷ кас ба кори зираконаи онҳо пай набурд, ки бо харакатдиҳии ВАҲМУ ХАЁЛ устодро бемор кардаанд, ва ба ин бадбахтӣ андохтанд.

Ин як навъи дасткорӣ ё манипулятсия аст, ки ҳанӯз дар асри XIII Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар “Маснавии маънавӣ”-аш зикр намудааст.

Дасткорӣ (манипулятсия) чист ва чаро аз он истифода мекунанд?

Дасткорӣ (манипулятсия) – таъсири пинҳонӣ ба шахс, ки ғояҳо ва хоҳишҳои худи ҳамон нафарро поймол карда, талоши таҳмили ғоя ва хосторҳои нафари дасткорикунандаро ба миён мегузорад. Дар ин ҳолат манифатҳои "объекти" дасткорӣ зери по мешавад.

Ҳар гуна иртибот ва муошират, дар умум, хусусият ва нишонаҳои дастакориро (манипуляция) дорад. Ҳар чизе ки мо мегӯем, ба фикри мо, бояд аксуламали муайяне ба вуҷуд орад. Дасткорӣ аз лаҳзае оғоз мешавад, ки мантиқ ва фаҳмиши солим ба поён мерасад. Дасткорӣ, ки ҳадафи аслиаш сӯиистифода аст, бо роҳи таъсиррасонӣ ба эҳсосот, фаҳмишҳои динӣ ва ахлоқӣ, одатҳо, арзишҳои инсонии одамон пиёда карда мешавад, ки баъзан мо онро пай намебарем ва қурбони ҳадафу хосторҳое мешавем, ки нафар ва ё гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд ба мо таҳмил кунанд.

PS: Ба дасткорӣ дода нашавед, ақидаи худро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед ва аз тафаккури интиқодӣ кор гиред!

Сарчашма:

1. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ

2. Ҳикоёти Маснавӣ. Бо кӯшиши Аҳмад Нафисӣ. Душанбе – 2003

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!