Масъулони Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Бохтар мегӯянд, ки беш аз 20 км хатҳои корезии шаҳр дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва ҳар лаҳза имкони сар задани садама вуҷуд дорад.

Аз соли 1963...

Одилҷон Абдуллоев сармуҳандиси корхона ба “Asia-Plus” гуфт, ки дар шаҳри Бохтар шоҳқубури асосие, ки паспартобро ба муаассаи обтозакунӣ (очистной), ки дар қаламрави ноҳияи Кӯшониён қарор дорад, мебарад дар ҳолати бад қарор дорад.

“Ин шоҳқубур метавонад ҳар лаҳза ба садма дучор шавад ва паспартобҳо ба берун барояд. Дарозии ин хати корезӣ  11,2 км мебошад ва он аз соли 1963 то инҷониб хизмат карда истодааст. Ҳамчунин вазъи хатти шиддатноки корезӣ, ки аз терминали марказии шаҳр то маҳалаи “Баҳор” меравад бо дарозии 4 км аз ин бадтар аст. Ин хат аз байни маҳалҳои аҳолинишин мегузард ва вазъаш сахт садамавӣ аст. Пасоби нисфи шаҳр ба василаин ин хат тариқи насос ба шоҳқубур партоб мешавад”, - мегӯяд Одилҷон Абдуллоев.

Ба гуфти сармуҳандис хаттҳои корезии дохилишаҳрӣ низ дар як ҳолати ногувор қарор доранд ва имрӯз тоби бардошти талаботи шаҳро надоранд.

Лӯлаҳои дохили шаҳр низ пӯсидаву садамавиянд

“Хаттҳои корезии дохилӣ, аз ҷумла аз маҳаллаи ба истилоҳ “Кривой” то терминали марказӣ бо дарозии 4 км ва хатти корезии аз маҳаллаи “Хатлон” то маҳаллаи “Баҳор” бо дарозии 3 км дар низ ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ин қубурҳо алакай 55-56 сол инҷониб хизмат карданд ва дохилашон пур шудаву пӯсидаанд. Дар шаҳр сохтмони биноҳои баланд ошёна рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст ва талаботи низ бештар мешавад. Дар қиёс ба хатти об сарборӣ ба хатҳои корезӣ бештар аст. Зеро дар қисме аз биноҳои баландошёна насосҳои обкаш васл карда мешавад ва онҳо аз обҳои зеризаминӣ истифода мекунанд. Аммо пасобашон ба хати корезӣ меравад. Аз ин ҳисоб сарборӣ ба хатҳои корезӣ бештар аст. Дар шароити феълӣ хаттҳои корезии шаҳр бо ин ҳолат имкони бардошти ҳаҷми имрӯзаи паспартобҳоро надорад. Агар хатҳои корезӣ дар солҳои наздик иваз карда нашаванд, ҳар лаҳза мушили зиёдеро пеш меоранд. ”,- изҳор дошт Одилҷон Абдуллоев.

Хаттҳои об низ садамавиянд

Дар мавриди хати об  низ мушкили зиёдаст ва бояд қисми зиёди он иваз карда шавад.

“Хати оби маҳаллаи ба истилоҳ “Кривой то терминали марказӣ бо дарозии 4 км низ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки бояд дар фикри иваз карданаш бошем”, - мегӯяд сармуҳадис.

Дар мавриди чораҳои андешидашуда вобаста ба иваз кардани хатҳои корезӣ ва хати об Одилҷон Абдуллоев изҳор дошт, ки қисматеро дар доираи лоиаҳои гуногуни сармоягузорӣ ва бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ аз соли 2014 то инҷониб иваз кардаанд.

“Вобаста ба он хаттҳои корезӣ ва об, ки дар боло гуфтем, лоиҳаҳо пешниҳод карда шудааст ва инро бояд ҳукумати шаҳр ва ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ кунанд, зеро вазъи молии корхона имкони иваз кардани онро надорад. Ин ҷо маблағҳои хеле зиёд лозим аст, дақиқи дар ёдам нест, вале ҳаминро мегӯям, ки хеле калон аст”, - гуфт Абдуллоев.

“Дасту поии моро бастаанд”

Одилҷон Абдуллоев дар сӯҳбат гуфт, ки КВД “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ҷумҳурӣ суратҳисоби корхонаи онҳоро барҳам додаву бо суратҳисоби худ як кардааст. Яъне суратҳисоб мутамарказ гардонида шудааст. Ва ин ба фаъолияти корхона таъсири манфии худро мерасонад.

1/3

Дар ҳамин замина як масъули шаҳрдорӣ, ки нахост номаш ифшо шавад изҳор дошт, ки воқеъан хаттҳои обу корезии шаҳр дар ҳолати садамавианд. “Мо медонем ва дар фикри ин мушкил низ ҳастем. Дар доираи як лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2009 як қисмати хаттҳои об иваз карда шуданд.   Вале қисмати зиёди хаттҳои обу корезии шаҳр дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Мо талош кардем барои иваз кардани ин аз ниҳодҳои молиявии байналминалӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, ёрӣ пурсем. Вале қарзи Бонки аврупоӣ, ки лоиҳаи соли 2009-ро маблағгузорӣ карда буд, пурра пардохт нашудааст ва аз ин ҳисоб то пурра пардохт шудани ин қарз дигар инистутҳои молиявӣ бо мо ҳамкорӣ намекунанд. Мутаасифона суратҳисоби корхона, ки аз тарафи идораи болоияшон мутамарказ карда шуд, дар фаъолияти КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳр таъсири манфии худро расонд. Мо бо КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баҳсҳо ҳам доштем, то суратҳисоби КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳр мутамарказ нашвад, вале кори худашонро карданд”.

Ба гуфтаи ин масъул КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳр ҳамасола 8 фоизи даромади маблағҳояшро, ки ҳудуди 1,2 миллион сомониро ташкил медиҳад ба  КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” медоданд. Ба ин қонеъ накарда боз гирифтанду суратҳисоби корхонаро мутамарказ карданд.

Абдукарим Яров директори КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳр ҳангоме, ки мавод омодаи чоп мешуд гуфт, ки суратҳисоби корхона ба ихтиёри худи корхона бозпасгардонда шуд.

“Қаблан суратҳисоби корхонаро мутамарказ карда буданд ва ба наздики мо суратҳисобамонро бозпас гардонда, дар ихтиёри худ гирифтем”, - гуфт Абдукарим Яров.

“Бояд дар ихтиёри шаҳрдорӣ бошад”...

Масъули ҳукумати шаҳри Бохтар мегӯяд беҳтар мешуд КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳр дар назди шаҳрдорӣ бошад, на дар мувозинаи КВД “Хоҷагии манзилию комунали”-и ҷумҳурӣ. Чаро корхонаҳои ҳамсон дар Хуҷанду Душанбе дар назди мақомоти иҷроияи шаҳранду корхонаи Бохтар зертобеъи ниҳоди ҷумҳурявӣ? Ба гуфтаи ин масъул натанҳо ин корхона ва дигар корхонаҳои соҳаи коммуналӣ аз қабили “Хоҷагии коммуналӣ”, “Боғбунёд”, “Ширкати хонаҳо” низ бояд ба шаҳрдорӣ дода шаванд. Ин корхонаҳо агар дар назди ҳукумати шаҳр бошанд, мо метавонем онҳоро дастгирӣ кунем ва бевосита лоиаҳои сармоягузориро ҷалб намоем. Мутаасифона имрӯз ин корхонаҳо, ки зертобеъи “Хоҷагии манзилию комуналӣ” мебошанд, дасту пои мо баста аст.

Умед ба ҳукумати нав

Дар мавриди ба ихтиёри ниҳодҳои шаҳру ноҳияҳои гузоштани корхонаҳои коммуналӣ раиси вақти вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ замоне ба муовинонаш супориш дода буд, ки дар ин маврид кор кунанд.

Имрӯз агар вазъи Хоҷагии коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил кунем, хеле бад аст. Техникаҳои аксари ин корхонаҳо аз солҳои 70-80-и асри гузаштаанд. Ё қисме дигар, умуман, ягон техника надоранд. Дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят бо аробаҳои дастӣ ё худгард партовҳои маркази ноҳияро ҷамъ мекунанд.

Дар Бохтар бар ин умеданд, ки шояд баъди аз нав ташкил шудани ҳукумат, ки усулан баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоб сурат мегирад, ин масъала баррасӣ шавад?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.