Имрӯз дар шабакаи гурӯҳи мусиқии “Авесто” бори аввал клип (намоҳанг)-и таронаи гурӯҳ дар бораи шаҳри Душанбе нашр шуд. Ҳамзамон суруд бори нахуст дар радиои “Азия-Плюс” садо дод.

Муаллифи суруд оҳангсоз ва мусиқачии маъруф Пвавел Турсунов мебошад, ки дар Душанбе лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташро паси сар кардааст: наврасиву солҳои донишҷӯӣ, кор дар “Тоҷикфилм” ва дигар давраҳои хотирмон.

Хотирот дар бораи шаҳри ҷавонӣ солҳои тӯлонӣ қалбашро гарм нигоҳ медоштанд, ки ҳосилаш таронаи мазкур аст. Маълумоти бештар дар ин бора бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.