Дар саросари ҷаҳон иттилои бардурӯғ ва кӯшишҳои дасткории афкори ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукуматҳо меафзояд.
Ин хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд дар натиҷаи омӯзишҳо аст. Ҳамин тариқ, дар ду соли охир шумораи кишварҳое, ки дар онҳо маъракаҳои дезинформатсионии сиёсӣ гузаронида шудаанд, ба 70 расидааст. Ин шумора нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд аст. Ба рӯйхати мазкур тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ворид шудаанд.
Facebook ҳамчун шабакаи иҷтимоии №1 барои иттилоии бардурӯғ боқӣ мемонад. Тибқи натиҷаҳои ин гузориш, 56 кишвар ин шабакаи иҷтимоиро барои маъракаҳои тарғиботии худ истифода мебаранд.
Тибқи иттилои муҳаққиқон, аксари талошҳои дезинформатсионии ҳукуматҳо дар дохили кишвар мутамарказонида шудаанд. Танҳо 7 кишвар кӯшиш мекунанд, ки ба афкори ҷомеаи берун аз марзҳои худ таъсир расонанд. Ба ин дохил мешаванд: Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла.
Дар солҳои охир, ҳукумати кишварҳои гуногун барои шаклдиҳии афкори ҷамъиятӣ "нерӯҳои киберӣ" - ро истифода кардаанд, аз ҷумла шабакаи ботҳо барои тақвияти паёмҳо, гуруҳи “троллҳо” барои таъқиби мухолифони сиёсӣ ё рӯзноманигорон ва инчунин аккаунтҳои зиёди фейкии шабакаҳои иҷтимоӣ.
Мувофиқи гуфтаи Филип Н. Ҳовард, директори Интернет-институти Оксфорд, маъракаҳои дезинформатсияи онлайниро дигар кори "хакерони танҳо, фаъолони инфиродӣ ё наврасони дар таҳхона буда" ҳисобидан ғалат аст.
"Дар ин фаъолият як касбияти нав пайдо шудааст: ташкилотҳои расмӣ аз нақшаҳои кироя, яъне мукофотпулӣ барои кор ва маъмуронро истифода мебаранд",- мегӯяд ӯ.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста