Дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе дар доираи барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, конфронс оид ба оғози лоиҳаи нави «Рушди устувори истеҳсоли Абрешим ва маътои Атлас дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» бо буҷаи 2 млн евро баргузор шуд.

Мақсади умумии Барномаи SWITCH-Asia-и аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дастгириёбанда, ин мусоидат намудан барои рушди устуворона, пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Лоиҳа дар муддати се сол амалӣ мегардад ва паҳлӯҳои васеъи мавзӯъҳои рушди устуворона ва имкониятҳои беҳтар намудани занҷири аслии истеҳсоли атлас равона мегардад. Лоиҳа фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:


• Гузаронидани тадқиқот оиди талабот ва хабардор намудани корхонаҳо оиди имкониятҳои беҳтар намудани занҷири аслии истеҳсоли атлас бо назардошти талаботҳои устуворонаи истеҳсолот;

• Барқарор ва модернизатсиякунонии истеҳсолоти маҳаллӣ-фурӯши занҷири аслии истеҳсоли абрешим ва атлас;

• Баргузор намудани Омӯзишҳо ва семинарҳои таълимӣ оиди истеҳсоли абрешим ва атлас,  Омӯзонидани Донишгоҳҳои таълимӣ дар соҳаи мазкур;

• Пешниҳоди дастгириҳои Машваратӣ  барои Донишгоҳу Донишкадаҳое, ки кадрҳои ояндаро дар соҳаи абрешим омода менамоянд;

• Барқарор намудани истеҳсоли рангҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар;

• Баргузории чорабиниҳои минтақавӣ, дар формати «B2B», намоишҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим;

• Пешбарии маркировка барои маҳсулоти тайёр ва дар натиҷаи ниҳойи фароҳам овардани имкониятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ барои ба даст овардани Эътироф, ҳамчун маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.


Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи ИА «SWITCH-Asia» бо иштироки намояндагони консортсиум, ки ташкилотҳо ва  корхонаҳои Машваратии Олмон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: adelphi consult GmbH (Олмон), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ТҶ  «Маркази рушди туризм» (Тоҷикистон), Маркази рушди ҳунармандии Марғилон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи санъат ва дизайни Burg Giebigstein (Олмон) аъзо мебошанд, амалӣ мегардад.

Тамос барои маълумоти иловагӣ:

Адолат Мирзошоева, (+992) 935877121, почтаи электронӣ: [email protected]

Нигина Икромӣ, (+992) 938848488, почтаи электронӣ: [email protected]