Санаи 25 ноябр Комиссияи Аврупо Нақшаи нави гендерии амалиёт (GAP) III-ро барои солҳои 2020-2025 эълон кард: ин як санади стратегии нисбатан фарроху бебок, ки ба мусоидат ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути тамоми амалҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо мақсади саҳмгузорӣ дар сохтани ҷаҳони баробарии гендерӣ равона шудааст.
Иттиҳоди Аврупо дар ин самт аллакай саҳми назаррас гузоштааст, зеро бартараф кардани нобаробарии гендерӣ кайҳост, ки дар барномаи ИА қарор дорад. Масалан, маблағгузории ИА барои баробарии гендерӣ ҳар сол аз соли 2016 афзоиш ёфтааст, ва ҳоло масъалаҳои гендерӣ бо кишварҳои шарики ҷаҳон мунтазам баррасӣ мешаванд.
Намояндаи олӣ / ноиби президент Ҷозеп Боррелл гуфт: “Таъмини ҳуқуқи баробар барои ҳама имкониятҳои ҷомеаҳои моро васеъ месозад. Онҳоро бойтар ва бехатар мегардонад. Ин далелест, ки аз доираи моҳияҳо ё ӯҳдадориҳои ахлоқӣ берун аст. Иштирок ва роҳбарии занон ва духтарон барои демократия, адолат, сулҳ, амният, шукуфоӣ ва сайёраи сабзтару хуррам муҳим аст. Бо ин Нақшаи нави амалиёти гендерӣ, мо ҷонибдори онем, ки дар самти баробарии гендерӣ пешрафти бештар ва зудтар ба даст орем.”
Комиссари Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ютта Урпилайнен қайд намуд: “Иштироки фаъолтар дар баробарии гендерӣ калиди барқарорсозии устувори ҷаҳонӣ аз бӯҳрони COVID-19 ва сохтани ҷомеаҳои одилона, фарогир ва шукуфонтар аст. Занон ва духтарон дар хатти пеши мубориза бо пандемия қарор доранд ва бояд дар барқароршавӣ низ нақши пешсаф дошта бошанд. Ҳамчун як Комиссияи ҳассос дар масъалаҳои гендерӣ ва аз ҷиҳати геополитикӣ ҷавобгӯ, мо мехоҳем бо давлатҳои узви худ, инчунин бо ҳамаи шарикон дар сохтани ҷаҳони воқеии баробарии гендерӣ зичтар ҳамкорӣ кунем.”
Бо вуҷуди пешрафти ба дастомада, нобаробарии гендерӣ занонро бозмедорад ва онҳоро аз ҳуқуқ ва имкониятҳои умда маҳрум мекунад.
Аз ин рӯ, Нақшаи амалиётҳои GAP III таҳия карда шуд ва минбаъд ҳамчун яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар пешбурди баробарии гендерӣ дар кишварҳои шарики ИА истифода хоҳад шуд. То соли 2025, 85% -и амалҳои нави робитаҳои хориҷии ИА бояд ба баробарии гендерӣ ва тавонмандии занон мусоидат кунанд.
Нақшаи амалиёти гендерии III шаш соҳаи мавзӯиро муайян мекунад:
- Бартараф кардани зӯроварии ҷинсӣ: ҳар як инсон ба ҳаёти озод аз ҳар гуна зӯроварӣ ҳуқуқ дорад.
- Солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он: ин барои ҳуқуқи худмуайянкунии занон ва духтарон муҳим аст.
- Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тавонмандсозии ҳуқуқ ва имкониятҳо: занон ва мардон бо тамоми гуногунии худ бояд имкониятҳои баробар, дастрасии баробар ба шуғл, кори шоиста, музди баробар барои кори баробар дошта бошанд.
- Иштироки баробар ва роҳбарӣ: занон ва духтарон бояд дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ барои ноил шудан ба демократия ва иқтисодиёти амалкунанда ва татбиқи ҳуқуқҳои инсон барои ҳама баробар иштирок кунанд.
- Занон, сулҳ ва амният: нобаробарии гендерӣ ҳамчун сабаби аслӣ ва қувваи пешбарандаи низоъ ва ноустуворӣ.
- Табдилдиҳии сабз ва рақамӣ. Ҳалли мушкилот ва истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи рақамисозӣ ва гузариши сабз барои ноил шудан ба ҷаҳони баробарии гендерӣ муҳиманд.
Мусоидат ба тавонмандии занон, духтарон ва ҷавонон барои истифодаи пурраи ҳуқуқҳои худ, инчунин иштироки васеи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳадафи асосии нақшаи нави амалиёт мебошад. GAP III иштирок ва роҳбарии духтарон ва занонро шадидан дастгирӣ намуда, масалан, тавассути барномаҳои идоракунӣ ва барномаҳои дастгирии ислоҳоти давлатӣ мусоидат мекунад.
Маълумотнома
Ин нақшаи амалҳои беруна оид ба масоили гендерӣ ҳадафҳои Стратегияи ИА оид ба баробарии гендериро инъикос мекунад, ки аввалин стратегияи Комиссия барои баробарӣ мебошад, ки ӯҳдадориҳои президент фон дер Лайенро дар дастури стратегии худ иҷро мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста