Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 27 ноябр бо сафари корӣ аз ҷамоати наздимарзии Ворух боздид намуда, бо сокинон вохӯрд ва бо ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз наздик шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷет дар ин ҷамоат сохтмони 5 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 30 млн сомонӣ, аз қабили чоҳи амудӣ, мактаби нав барои 720 нафар хонанда дар маҳаллаи Сангтӯда, 8 синфи иловагӣ дар мактаби №23, Кохи фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ идома дорад, ки ба истифода додани онҳо нимаи аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ маркази хизматрасониҳои маишӣ, варзишгоҳ бунёд гардида, беморхона ва кӯдакистон, инчунин роҳҳо ва дигар иншоот аз таъмир бароварда мешаванд.

1/5

Бо сокинони ҷамоат Баҳоваддин Баҳодурзода дар бораи сохтмони роҳи мустақим аз Ворух ба Исфара, ҳалли мушкилоти чарогоҳҳо, пешгирии дуздии чорво аз ҷониби сокинони деҳоти ҳамсояи Қирғизистон, баргардонидани чорвои қаблан дузида, таъсиси корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дар баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинони Ворух ва ғайра суҳбат кард.

Раиси шаҳр ваъда дод, ки аз ин ба баъд яке аз рӯзҳои ҳафтаи кории худро дар Ворух мегузаронад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.