Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 29 ноябр 12 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон 73 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 86 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон дар ин давра 81 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 11 ҳазору 559 нафар ё худ 95,1%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар саросари дунё 62,6 млн нафар сироятёфтагон аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, то ин дам 1,46 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд ва теъдоди шифоёфтагон 40 млн нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.