Тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ оғоз шуд. Ин китобҳоро ба Ванҷ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода бурдааст.
Теъдоди хонаводаҳои Ванҷ 4408 ҳисоб шудааст, ки мутаносибан ҳамин миқдор китоб ба онҳо дода мешавад
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ин ҳадяи Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Собирзода мебарад.
Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.
Ин китоб ба унвони ҳадя аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.
Нашри ин китоб дар Тоҷикистон гардишҳои дигаре ҳам дошт, ки дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳс шуд.
Моҳи декабри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба порлумон дастур дода буд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шавад.
Дар Тоҷикистон барои тавзеъи ин китоб комиссия махсус зери роҳбарии муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи прездент Саъдӣ Қодирзода таъсис дода шудааст, ки намояндаҳое аз Вазорати молия, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо шомиланд. Онҳо муваззафанд, ки китобро ба ҷойи лозим бурда расонанд.
Ин китоб бо теъдоди 1,6 миллион нусха нашр шудааст, ки ва дар сар то сари кишвар тавзеъ карда мешавад.
20-уми ноябр Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба “Азия-Плюс” гуфта буд онҳо тамоми корро мекунанд то аз фурӯш ва тақсими ғайриқонунии ин китоб ҷилавгирӣ кунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин гуфт, ки “гузинаи электронии ин китоб ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ низ омода шуда истодааст, ки дар ҳама сайтҳои ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо гузошта мешавад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста