ДАЪВАТНОМА

 барои  иштирок дар озмуни фурӯши автомашинаҳо

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Куҳистон (БҶИИМК)-лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон, барои ба фурӯш баровардани  автомашинаҳои  зерини БҶИИМК  озмун  эълон менамояд:


Автомашинаҳоро дар суроғаҳои нишондодашуда  дар давраи аз 17.12.2020 сол то 28.12.2020 сол аз  соати  9.00 то 17.00 (фақат дар рӯзҳои корӣ) аз назар гузаронидан мумкин аст.

Шахси масъул барои  тамос ва пешниҳоди предмети фурӯш барои дида баромаданДаврон  Мавлоназаров

телефон: 93-504-69-99, email: [email protected]

Шахсони ҳавасманд метавонанд пешниҳодҳои худро ба дафтарҳои кории БҶИИМК дар суроғаҳои шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137,Тоҷикматлубот, ошёнаи  4  ва дар шаҳри  Хоруғ, кӯчаи Ленин 62 ба шахсони зерин  пешниҳод кунанд:

Шахсони масъул барои қабули  ҳуҷҷатҳои музояда:

Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: 938858989;  еmail: [email protected]

Дар ш. Душанбе: Назаршоев Сафарбек, телефон: 935052950;  еmail: [email protected]

Мӯҳлати охири пешниҳоди дархостҳо  то  соати 09:00 санаи  28 декабри соли 2020 сол. Дархостҳо  бояд дар лиффофаи маҳкамшуда (мӯҳрзада) ба суроғаҳои дар боло зикршуда   пешниҳод шаванд. Дар қисми берунии лифофа бояд навиштаҷоти “Барои хариди автомашинаҳо ва рақами лот” ва  ному насаби иштирокчии музояда  мавҷуд бошад.

Дар дохили лифофа бояд ҳуҷҷатҳои зерин гузошта шаванд:

  • пешниҳоди харид бо нишон додани рақами лот, номгуйи автомашина ва нархе, ки иштирокчии музояда барои хариди предмети фурӯш  пешниҳод кардааст бо рақам ва бо ҳарф;
  • нусхаи ҳар ду тарафҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • маълумот дар бораи телефон ва дигар воситаҳои тамос бо иштирокчии музояда.

 Пешниҳодҳо баррасӣ карда намешаванд, агар дар шакли кушод ва ё дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ворид шудаанд ва агар дар дохили лифофа  ҳуҷҷатҳои талабшуда  мавҷуд набошанд.

Ғолиби озмун шахс (ё ташкилоте) дониста мешавад, ки барои хариди предмети фурӯш нархи  на кам аз нархи ибтидоӣ ва нисбати дигар иштирокчиён баландтаринро пешниҳод карда бошад.

Пардохти маблағ барои воситаҳои нақлиёт бояд дар шакли пули нақд  ва ё  ғайринақдӣ дар асоси шартҳои шартомаи хариду фурӯш дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи бонкӣ   ба суратҳисоби  БҶИИМК интиқол дода шавад.

Автомашинаҳо аз рӯи  принсипи чи  гуна аст ва дар куҷо” ва бе ягон  кафолат  аз тарафи  БҶИИМК  фурӯхта мешаванд.

Хароҷотҳо барои пардохти боҷи гумрукӣ ва ҳамаи пардохту  андозҳои пебининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуҷҷатгузории харидории предмети фурӯш ба зимаи ғолибони озмун вогузор карда мешаванд.

Предмети фурӯш ба харидор танҳо баъди пурра пардохт шудани нархи музоядавии он ба суратҳисоби ташкилот, супорида мешавад. Автомашинаҳои фурӯхташуда иваз ва бозпас қабул карда намешаванд. БҶИИМК барои таъмир, интиқол ва расонидани ягон хизматрасонӣ ба воситаи нақлиёти фурӯхташуда масъулият надорад.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  11.00 санаи  28-уми декабри соли 2020 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳои ба озмун пешниҳодшуда, даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд. 

Ташкилот-Фурӯшанда  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни музояда ягон ӯҳдадорӣ ё ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фурӯшанда инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.